ДАЪВАТ БА СЕМИНАРИ ИЛМӢ - АМАЛӢ 16-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2020, 13:50-15:00

Бинанда: 1514 | Санаи нашр: 08 Апрел 2020

Мавзӯъ: «Принсипҳои ахлоқии таҳқиқоти илмӣ. Роҳ надодан ба сирқат (плагиат) дар кори илмӣ».

Дар семинар масъалаҳои омӯзиши қоидаҳои маъмурӣ ва принсипҳои маънавӣ, ки олимон аз онҳо дар фаъолияти илмӣ бояд истифода кунанд, баррасӣ мегардад. Инчунин, тарзи санҷиши корҳои илмӣ аз барномаи «Антиплагиат» ва меъёрҳои он омӯзонида мешавад.

Лектор: доктори илми иқтисод, дотсент Қодирова Заррина Ҳалимовна, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ.

Номзади илми иқтисод Султонов Зоир Султонович, котиби масъули «Паём»-и ДДТТ.

Макони чорабинӣ: шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, к. Деҳотӣ ½, бинои 1-ум, ошёнаи 4, толори диссертатсионӣ.

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ-русӣ

Силсилаи семинарҳои илмӣ-амалӣ дар чорчӯбаи нақшаи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top