Даъватнома барои иштирок дар озмуни таъмир

Бинанда: 2626 | Санаи нашр: 01 Май 2019

Бо мақсади татбиқи лоиҳаи грантии “Механизми ҳавасмандагардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ” Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун ба тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба таъмири маркази машваратӣ дар донишгоҳ ва ҳуҷраи фарҳангӣ-маишӣ дар хобгоҳи донишгоҳ даъват менамояд.

Тавсифи муфассал ва шартҳои озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он ба ҳар кадом иштирокчӣ бо дархости хаттии вай пешниҳод карда мешавад.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 18 июни соли 2019, 15.00 дар маркази татбиқи лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе, к. Деҳотӣ ½, рақами телефон: +992(37) 234 84 34

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top