Ба диққати ҳамаи донишҷӯён

Бинанда: 2824 | Санаи нашр: 03 Декабр 2015

Ба диққати ҳамаи  донишҷӯёне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи беҳтарини сол» иштирок меварзанд расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар поён зикршударо то санаи 3.12.2015 ба шуъбаи кор бо ҷавонон пешниҳод намоянд ва ба даври аввали озмун, ки дар донишгоҳ гузаронида мешавад, ҷиҳати таёри ба шартҳои он тибқи консепсияи озмун омода бошанд.

1.Варақаи имтиҳонотӣ ( транскрипт )
2.Тавсифномаи роҳбарияти муассиса, хислатномаи роҳбари илмии донишҷӯ, тарҷумаи ҳоли кутоҳ бо сифатҳои шахсӣ ва корӣ
3.Мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ (нусхаи шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғайра)
4.Иштирок дар конфронсияҳои илмӣ-таҷрибавӣ, намоишгоҳ, маълумотҳои чопӣ ва баромадҳо, мавҷудияти корҳои илмии шахсӣ, ки ҳангоми донишомӯзӣ иҷро гардидааст.
5.Иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва амалӣ намуднаи ташаббусҳои созанда дар байни ҷавонон ва ба василаи онҳо рангин кардани ҳаёти донишҷӯён.
6.Иштирок дар ҳаёти ҷамъияти ва варзишии муассисаи таълими, ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ, (тавсифномаи хаттӣ, ки хизматҳои номзад нишон дода шуда бошад, аз роҳбарияти муассиса ё дигар шахсони ваколатдор)

Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

 

ШАРТҲОИ ОЗМУНИ «ТАРОНАҲОИ ДОНИШҶӮӢ»

Матни сурудҳои дар озмун пешниҳодшуда бояд:

 1.Мавзӯи  Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намояд.

2.Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, муқаддасот ва қаҳрамониҳои Пешвои миллатро дар худ таҷассум созанд.

3.Табиати биҳиштосои Ватан, ишқу муҳаббат ва садоқат ба ёрро низ инъикос кунанд.

4.Даврони зебои донишҷӯиро дар худ таҷассум намояд.

5.Дар доираи фарҳанги миллӣ бо ҳам омехта намудани мусиқии мардумӣ ва мусиқии муосир (шашмақом, фалак, опера, реп, ҷаз, рок, поп ва ғайра)

6.Бо асбобҳои мусиқии замонавӣ иҷро намудани сурудҳои мардумии миллӣ, навозиши най, дутор, рубоб, карнай, чанг, дойра, дабал, таблак, ғижак ва ғайра.

 Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top