Барномаи табодули донишҷуён

Бинанда: 3007 | Санаи нашр: 18 Сентябр 2015

Шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ ба маълумоти донишҷуёни курси 2-3 мерасонад, ки аз санаи 1 то 25.09.2015 қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар барномаи табодули донишҷуён миёни Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белоруссия, инчунин аз 1. 09. то 30.10.2015 ба Донишгоҳи иқтисодии иттиҳоди кооператсияи матлуботи Қазоқистон сурат мегирад.
Таҳсил як семестро фаро гирифта, хароҷотҳои кредитҳои аз ҷониби донишгоҳ пешниҳодгардида ва хобгоҳро донишгоҳи ҳамкор ба зиммаи худ мегирад.
Донишҷуён дар асоси озмун интихоб гардида, талаботи асосӣ барои иштирок дар озмун донистани забони русӣ (сертификат оиди донистани забони руси бартарият дорад) ва хониши хубу аъло мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top