«CirculEC»: таҳияи модулҳои иноватсионӣ оид ба иқтисоди давравӣ дар ДДТТ

Бинанда: 466 | Санаи нашр: 29 Апрел 2024

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, лоиҳаи «CirculEC»-и Барномаи ERASMUS+, ки ҳадафи он  пурзӯр намудани иқтидори сармояи инсонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ оид ба иқтисоди даврӣ ҷиҳати таъмини омӯзгорону донишҷӯён бо малака ва салоҳиятҳое, ки ба ниёзҳои бозори меҳнати дохилӣ ва эҳтиёҷоти экологӣ ҷавобгӯ бошанд.  Бояд қайд гардид, ки лоиҳаи номбурда дар партави амалӣ намудани “Стратегияи рушли иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” татбиқ шуда истодааст. 

Дар доираи лоиҳаи мазкур аз 20-ум то 30 - юми апрели соли ҷорӣ сисиласеминарҳо дар донишгоҳҳои Билефилди Германия, Сантяго де Компостелои Испания ва Неаполи Италия гузашта истодаанд, ки дар семинарҳои мазкур муовини рекор оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т., профессори кафедраи иқтисодиет ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Ҳ. ва унвонҷӯи кафедраи иқтисодиет ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Т. иштирок доранд.

Дар раванди семинарҳои омузишӣ профессорони донишгоҳҳои Аврупо дастоварду натиҷаи тадбиқи иқтисоди давравӣ,  самаранок истифода намудани захираҳо, идоракунии партовҳо ва раванди коркарди такрорӣ ва ғ. ба иштирокчиёни семинар муаррифӣ намуданд.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа,  омӯзгорони донишгоҳ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами шарикони аврупоии лоиҳа ба таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ ва рушди устувор ҷалб гардида, маводҳои таълимӣ-методӣ таҳия менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top