ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ЕВРАЗИЯ

Бинанда: 1626 | Санаи нашр: 02 Декабр 2023

Санаи 30 ноябри соли 2023 намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамов Фитрат Музафарович ба Донишгоҳи байнипарлумони Евразия барои иштирок дар 15-умин форуми илмии Евразия, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ташриф овард.

Ҳамзамон дар доираи форуми мазкур мулоқоти судманд бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии иштирокдорони 15-умин форуми илмии Евразия, баргузор гардид, ки мақсади асосии он ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти муассисаҳо ба шумор меравад.

Чорабинии мазкур ба ташаббуси Донишгоҳи байнипарлумони Евразия ташкил карда шудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фаъолияти шабакавии илмӣ дар кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин форуми илмии Евразия Рустамов Ф. М. маърӯза намуда, таъкид намуд, ки барои густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чунин ҳамоишҳо заминаи воқеӣ мегузоранд.

Баъд аз ба имзо расидани созишнома байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи байнипарлумонии Евразия дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шавад.

Ин ҳамоиш барои табодули таҷрибаҳои беҳтарин, эҷоди шабакаҳои муштарак ва ташаккули самти ояндаи таҳсилоти олӣ дар минтақа муҳим арзёби гардид.

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top