Панҷшанбе, 14 Январ 2021 14:37

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Rate this item
(2 votes)

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ соли таҳсили 2017-2018 дар сохтори донишгоҳ шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд. Имрӯз дар донишгоҳ омода намудани мутахассисони дараҷаи бакалавр дар шакли таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи 15 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар шуъба 1295 нафар донишҷӯ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон таҳсил карда истодааст:

Дар курси якум 123 нафар донишҷӯ;

Дар курси дуюм 335 нафар донишҷӯ;

Дав курси сеюм 457 нафар донишҷӯ;

Дар курси чорум 380 нафар донишҷӯ.

Ҳоло дар шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 15 ихтисоси зерин таълим ба рощ монда шудааст:

  • 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона;
  • 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
  • 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;
  • 250111 – аудит ва ревизия;
  • 260202 – менеҷмент;
  • 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
  • 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ;
  • 250104 – молия ва қарз;
  • 25010402 – кори бонкӣ;
  • 25010403 – андоз ва андозбандӣ;
  • 960101 – хадамоти гумрукӣ;
  • 250109 – молшиносӣ ва муоинаи мол;
  • 890101 – саёҳат ва меҳмондорӣ;
  • 250112 – информатикаи иқтисодӣ;
  • 24010205 – ҳуқуқи гумрукӣ.

Таҷрибаи татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ нишон дод, ки шакли таҳсилоти фосилавӣ афзалиятҳои зеринро дорост:

  • сарфаи вақт ва хароҷот барои таҳсил;
  • озодӣ ва чандирии таълим;
  • ба даст овардани малакаи омӯзиши мустақилонаи илму дониш;
  • омӯзиши фанҳои таълимӣ ба таври инфиродӣ;
  • реҷаи мувофиқи таълим;
  • истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-иртиботӣ;
  • имконияти таҳсил бе тарки истеҳсолот;
  • дастрасии васеъ ба маводи таълимӣ-методии электронӣ;
  • дастрасии омӯзиш барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ;
  • дастрасӣ ба захираҳои электронии китобхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
  • омӯзиш дар муҳити ором;
  • имконияти омӯзиш дар вақти дилхоҳ ва ҷойи дилхоҳ.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шакли таҳсилоти фосилавӣ тибқи барномаи идоракунии раванди таҳсилот- барномаи Moodle-3.3 таҷҳизотҳои техникии зеринро харидорӣ ва васл намуда, мавриди истифода қарор додааст. Инчунин донишгоҳ портали таҳсилоти фосилавиро таъсис дода, онро бо нишонии https://sdo.tguk.tj сабти ном кардааст. Барои ба портал ворид шудан ба омӯзгорону донишҷӯён логин ва рамз дода шудааст.

Донишгоҳ нақшаҳои таълимии шакли таҳсилоти фосилавиро барои ихтисосҳои амалкунанда аввалин шуда дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия намуд ва онро аз ташхиси Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузаронид, ки он аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Аз моҳи январи соли 2023 Зеваршо Воҳидзода ба ҳайси сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд.

Дар шуъба кормандони зерин фаъолият намуда истодаанд:

Хушнуд Шомуддинов, муовини сардори шуъба;

Ҷумъахон Насруллоев, мутахассис;

Раҳматуллои Иззатулло, мутахассис;

Рухсорамоҳ Ошӯрмамадова, бақайдгиранда.

Read 1994 times Last modified on Чоршанбе, 12 Апрел 2023 10:44

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top