Онлайн-лексия барои омӯзгорони ДДТТ

Бинанда: 1861 | Санаи нашр: 28 Октябр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳи Небраскаи Омаҳа, ИМА ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи лоиҳаи UniCEN ба роҳ мондааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур силсилаи лексияҳои кушод ба нақша гирифта шудааст.  Нахустин онлайн-лексия рӯзи 4-уми ноябри соли ҷорӣ соати 17.00 дар мавзӯи “Таълими фаъолона дар шароити коронавирус” (“Engaged Teaching in Age of Coronavirus”) доир мегардад.

Онлайн лексияро устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа (University of Nebraska at Omaha, NE) Аста Рeйф (Asta Reiff), ки таҷрибаи беш аз 20 сола дар соҳаҳои педагогика, таълими интерактивӣ, таълим бо истифодаи технологияи компютерӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва такмил додани касбияти омӯзгоронро дорад, ба  забони англисӣ мегузаронад.

Макони гузаронидани чорабини: бинои асосӣ, ошёнаи 4, толори ҷаласаҳои Шӯрои диссертатсионӣ.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top