Чоршанбе, 17 Феврал 2021 10:20

Кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Written by
Rate this item
(0 votes)

Кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дар заминаи кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои илимони донишгоҳ таҳти №1 аз 31.08.2006 ҳамчун кафедраи «Менеҷмент» ба фаъолият оғоз намудааст. Номи кафедра бо қарои Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №2 аз 01.12.2015 ба кафедраи «Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат» иваз карда шуд. Зарурати ташкил намудани ин кафедраро инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, такмил додани усулҳои идоракунии сохторҳои мухталиф ва тарбияи роҳбарону менеҷерон бо нигоҳи ҷадид барои соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиву меҳмоннавозӣ ба миён овард. Роҳбарии кафедраро аз соли 2006 то 2013 н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба ӯҳда дошт, ки дар ин муддат кафедра ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз соли 2013 то 2018 роҳбарии кафедраро н.и.и. Аминов Ф.И. ба ӯҳда дошт. Аз ноябри соли 2018 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба уҳда дорад.

Кафедра бо базаи хуби таълимию методӣ, кадрӣ ва техникӣ таъмин буда, барои омӯзонидани асосҳои менеҷмент, менеҷмент, менеҷменти савдо ва хӯроки омма,  менеҷменти тиҷорат, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти навовариҳо, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмонхонадорӣ, таърихи туризм, тараққиёти туризм, асосҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, рафтори ташкилӣ, назария ташкилӣ, санъати роҳбарӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии корхонаҳои савдо, идоракунии хоҷагиҳои кооперативӣ, идоракунии кормандон, идоракунии сифат, тадқиқоти низоми идоракунӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, менеҷменти кооператсияи матлубот, ташкил ва меъёрдории музди меҳнат, ташкил ва идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, психология ва ахлоқи идоракунӣ, идоракунии зидибӯҳронӣ ва маданияти меҳмонхонадорӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.

Устодони ботаҷрибаи кафедра н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. (мудири кафедра), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М. (шодравон), д.и.и., профессор Розиқов В.А., н.и.и., дотсент Анваров М.А. (шодравон), н.и.и., дотсент Ҷонов Г.Д. (шодравон), н.и.и., дотсент Аминов Ф.И., д.и.и. профессор Саидова М.Х., н.и.п., дотсент Ҳусейнов Б.А., н.и.и.. дотсент Қиёмиддинов Ҳ., н.и.и., м/калон Сафарова Л.Д., н.и.и., м. калон Саломова У.Т., н.и.и., м/калон Исвалиев С.Ҷ., н.и.и., Мутиева С. Ҷ., Phd (доктор)Бобохонов С. Ғ., н.и.и. Пулатова Ш.Б. ва ғайраҳо дар тарбияи мутахассисон саҳмгузоранд. Донишҷӯёни кафедра аз рӯи тахассуси 260202 - «Менеҷменти туризм ва хоҷагии меҳмонхонадорӣ», «Менеҷменти корхонаҳои савдо» ва 890101 – «Саёҳат ва меҳмоннавозӣ» таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиc сабзида мерасанд ва баъди хатми донишгоҳ барои тараққиёти соҳаи навини иқтисодиёт – «Сайёҳӣ» ва «Тиҷорат» саҳмгузорӣ мекунанд.

Чи хеле маълум аст, самти асосии тадқиқоти илмии донишгоҳ «Дурнамои рушди соҳаи хадамот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда буд. Дар ин асос, кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат фаъолияти илмӣ-тадқиқотии хешро аз рӯи мавзӯҳои «Идоракунии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ: мониторинг, тараққиёт ва стратегияи он дар шароити бозор» ва «Ташаккул ва такмилдиҳии рушди соҳаи сайёҳӣ ва хадамот дар шароити муносибатҳои бозорӣ» идома дода, дар чорчӯбаи ин мавзӯъ, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра бо самтҳои мушахасс фаъолияти назаррас доранд.

Омӯзгорони кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотиашонро хулоса намуда, фишурдаи маърӯзаҳояшонро дар конфронсҳои гуногун мавриди баҳс ва муҳокима қарор медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки муаллими калони кафедра Мизробов С.С. ва Ҳисориева Г.Т. дар соли таҳсили 2019-2020 рисолаи номзадии худро натиҷагирӣ намуда, дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ дифоъ хоҳанд кард.

Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои айёнӣ, маводҳои тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас сарф менамоянд.

Read 1347 times Last modified on Шанбе, 28 Январ 2023 06:02

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top