Ҷумъа, 07 Феврал 2020 12:14

ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ВА САМТҲОИ РУШДИ ОН ДАР КИШВАР

Written by
Rate this item
(1 Vote)

Имрӯз мавзӯи сайёҳӣ на танҳо дорои моҳияти минтақавию ҷумҳуриявӣ, балки дорои моҳияти байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ҷиҳатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологии сайёҳӣ ба касе пӯшида нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон  намуданд. Шароити гуногуни табиӣ, мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро инкишоф дода, дар ғанӣ гардонидаи буҷаи давлат ва  беҳтар гардонидани некуаҳволии мардуми кишвар саҳми худро гузорем.

Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили самарабахши субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имкониятро барои қонеъ гардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии гуногун ва сифатнокии соҳа таъмин менамояд.

Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидааст, чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ ӣмунтазам гузаронида шуда истодааст.

Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии бахши хусусӣ барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, дар ин давра аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд  маротиба ҷаласаи ниҳоди мазкурдоир гардида, бо ризоияти он ба зиёда аз 44 ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дода шудааст.

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020”  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1уми  марти соли 2018, №80 тасдиқ гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, соддагардонии расмиёти дастрасии иҷозатнома барои оѓози фаъолияти сайёҳӣ, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва дигар мақомоти ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ ва тарѓибу ташвиқи он, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин тарбияи мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ диққати зарурӣ дода шудааст.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” дар таҳрири нав таҳия гардида, айни замон дар мувофиқаи ниҳоии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” аз ҷониби кумитаи мазкур таҳия гардидааст, ки дар баррасии вазорату идораҳо қарор дошта, тибқи тартиб баъд аз мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ба тасвиб расид. Байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ширкати миллии “Казах-туризм”-и Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

                Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷониби Федератсияи Россия ирсол гардидааст.

                Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Исроил ва Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

                Фикр менамоем, ки ташкил ва баргузории чорабиниҳои зикргардида дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши бузург дорад.

 

Адабиёт

  1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе –26. 12. 2019.
  2. Барномаи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, Душанбе-2015, таҳти №217.
  3. Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. барои солҳои 2009-2019. Душанбе - 02.04.2009, таҳти №202.
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» Душанбе аз 19.05.2009, № 5, мод.337.
  5. Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Аз 25 апрели соли 2018, №231, ш. Душанбе 2018.
  6. Абдуалимов А., Қодирова М.И. «Иқтисодиёти туризм», дастури таълимию методӣ барои донишҷӯёни донишкадаю донишгоҳҳои олӣ.Душанбе - 2012 . 174 саҳ.
  7. Диловаров Р.Д., Ёров Ҷ.Н., Сайфуллоев Н.Н. «Асосҳои туризм». Душанбе- 2013.
  8. Ёров Ҷ.Н., Сайфуллоев Н.Н., Гулмирзоев Р.Н. «Иқтисоди бозори сайёҳӣ». Душанбе-2017. 300 саҳ.
  9. www.president.tj - Интернет-сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. www.tourizm.tj -Интернет-сомонаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. www.jumhuriyat.tj – Интернет – сомонаи газетаи Ҷумҳурият.
Read 4479 times Last modified on Сешанбе, 29 Сентябр 2020 12:16
More in this category: « Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top